Jump to content

Викидода:Муқаддима

Shortcuts: WD:INTRO, WD:I
From Wikidata
This page is a translated version of the page Wikidata:Introduction and the translation is 95% complete.
Outdated translations are marked like this.


Викидода ин пойгоҳи илмии озод, муштарак, бисёрзабон, пойгоҳи донишҳои миёна мебошад, ки ҷамъоварии маълумоти сохторӣ барои дастгирии Википедиа, Викианбор, дигар викиҳои Ҷунбиши Викимедиа дар саросари ҷаҳон бар ӯҳда дорад.

Ин чӣ маъно дорад?

Биёед ба изҳороти оғози кор бо тафсилоти бештар назар андозем:

  • Озод. Маълумот дар Викидода дар доираи Creative Commons Public Domain Dedication 1.0 нашр карда мешавад, ки истифодаи такрории маълумотро дар роҳҳои гуногун имконият медиҳад. Шумо метавонед маълумотро ҳатто барои мақсадҳои тиҷоратӣ бидуни дархости иҷозат нусхабардорӣ кунед, тағйир диҳед, паҳн кунед ва иҷро кунед.
  • Муштарак. Маълумот аз ҷониби корбарони Викидода ворид ва нигоҳдорӣ мешавад, ки онҳо қоидаҳои эҷод ва идоракунии мундариҷаро муайян мекунанд. Ботҳои худкор инчунин ба Викидода маълумот ворид мекунад.
  • Бисёрзабонӣ. Вироиш, истифода, дидан ва истифодаи дубораи додаҳо комилан чандзабон аст. Маълумоте, ки бо ягон забон ворид карда шудааст, фавран дар ҳама забонҳои дигар дастрас аст. Вироиш бо ҳама забон имконпазир аст ва ташвиқ карда мешавад.
  • Пойгоҳи донишҳои миёна. Викидода на танҳо изҳорот, балки манбаҳои онҳо ва пайвастагиҳоро бо дигар пойгоҳҳои додаҳоро сабт мекунад. Ин гуногунии донишҳои мавҷударо инъикос мекунад ва мафҳуми тасдиқшавандаро дастгирӣ мекунад.
  • Ҷамъоварии маълумоти сохторӣ. Ҷорӣ кардани дараҷаи баланди ташкили сохторӣ имкон медиҳад, ки маълумотро аз ҷониби лоиҳаҳои Викимедиа ва шахсони сеюм ба осонӣ дубора истифода баранд ва ба компютерҳо имкон медиҳад, ки онро коркард ва «фаҳманд».
  • Дастгирии викиҳои Викимедиа. Викидода ба Википедиа бо қуттиҳои иттилоотии осонтар нигоҳ дошташаванда ва пайвандҳо ба забонҳои дигар ёрӣ мерасонад ва ҳамин тавр сарбории кори вироишро кам мекунад ва сифатро беҳтар мекунад. Навсозиҳо дар як забон барои ҳамаи забонҳои дигар дастрас карда мешаванд.
  • Дар саросари ҷаҳон.' Ҳар кас метавонад аз маълумоти Викидода барои сохтани барномаҳо ва хидматҳои худ истифода барад.

Чӣ тавр Викимаълумот кор мекунад?

Ин диаграммаи элементи Викидода ба шумо муҳимтарин истилоҳҳоро дар Викидода нишон медиҳад.

Викидода як анбори марказии нигаҳдорӣ мебошад, ки онро дигарон дастрас карда метавонанд, ба монанди викиҳо, ки аз ҷониби Бунёди Викимедиа нигоҳ дошта мешавад. Мундариҷаи ба таври динамикӣ аз Викидода боршуда набояд дар ҳар як лоиҳаи вики алоҳида нигоҳ дошта шавад. Масалан, омор, санаҳо, маконҳо ва дигар маълумоти умумӣ метавонанд дар Викидода мутамарказ карда шаванд.

Махзани Викидода

Элементҳои байни худ пайваст ва додаҳояшон.

Махзани Викидода асосан аз элемент иборат аст, ки ҳар яки онҳо дорои унвон, тавзеҳ ва шумораи дилхоҳи номҳои иловагӣ мебошанд. Элементҳо ба таври нотакрор бо Douglas Adams (Q42)-префикси пас аз он рақам, ба монанди Douglas Adams (Q42) муайян карда мешаванд.

Изхорот (тасдиқот) хусусиятҳои муфассали Элементро тавсиф мекунанд ва аз хусусият ва қимат иборатанд. Хусусиятҳо дар Викидода дорои educated at (P69)-префикси пас аз он рақам мебошанд, масалан бо educated at (P69).

Барои шахс, шумо метавонед хусусиятеро илова кунед, то ки онҳо дар куҷо таҳсил кардаанд, бо нишон додани арзиш барои мактаб. Барои биноҳо, шумо метавонед хусусиятҳои координатҳои ҷуғрофиро тавассути муайян кардани арзишҳои тулӣ ва арз таъин кунед. Хусусиятҳо инчунин метавонанд ба пойгоҳи додаҳои беруна пайваст шаванд. Хусусияте, ки элементро ба пойгоҳи додаҳои беруна мепайвандад, ба монанди пойгоҳи назорати ваколатдор, ки аз ҷониби китобхонаҳо ва бойгонҳо истифода мешавад, идентификатор (шиноснома) номида мешавад. Махсус Пайвандҳои забонӣ элементро ба мундариҷаи мувофиқ дар викиҳои муштарӣ, ба монанди Википедиа, Викикитобҳо ё Викииқтибос пайваст мекунад.

Ҳамаи ин маълумотро метавон бо ҳар забон нишон дод, ҳатто агар маълумот бо забони дигар сарчашма гирифта бошад. Ҳангоми дастрасӣ ба ин қиматҳо, викиҳои муштарак маълумоти навтаринро нишон медиҳанд.

Элемент Хусусият Қимат
Q42 P69 Q691283
Douglas Adams educated at St John's College

Кор бо Викидодаҳо

Якчанд роҳҳо барои дастрасӣ ба маълумоти Викидода бо истифода аз абзорҳои дарунсохт, абзорҳои беруна ё интерфейсҳои барномасозӣ вуҷуд доранд.

Аз куҷо оғоз кардан

Турҳои Викидода, ки барои корбарони нав тарҳрезӣ шудаанд, беҳтарин ҷой барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Викидода мебошанд.

Баъзе пайвандҳо барои оғоз:

Чӣ гуна ман метавонам саҳмамро гузорам?

Давом диҳед ва ба таҳрир (вироиш) оғоз кунед. Вироиш беҳтарин роҳи омӯхтани сохтор ва мафҳумҳои Викидода мебошад. Агар шумо хоҳед, ки дар бораи мафҳумҳои Викидода мутолиа кунед, ба саҳифаҳои кӯмак нигаред. Агар шумо саволҳо дошта бошед, лутфан онҳоро дар чати лоиҳа фиристед ё бо дастаи таҳиякунанда тамос гиред.

Ҳамчунин нигаред